Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Фирори дастаҷамъии маҳбусон аз зиндони Тунис


Мансабдорони Тунис мегӯянд, дар ҷануби ин кишвар 49 нафар аз зиндон фирор кардаанд.

Гуфта мешавад, ки субҳи душанбе маҳбусони зиндони шаҳри Қобис болои нозирон ҳамла намуда, сипас дастаҷамъӣ аз зиндон фирор кардаанд.

То ҳол 12 маҳбус дубора боздошт шудаанд. Ба қавли мақомот маҳбусони фирорӣ асосан ҷинояткорони шинохта буданд.

Моҳи январи соли 2011-ум дар пайи барканоршавии Зайналобидин бин Алӣ аз курсии раёсатҷумҳурии Тунис тахминан 10 ҳазор маҳбус аз зиндонҳои Тунис ва аз ҷумла зиндони Қобис, фирор карда буданд.
XS
SM
MD
LG