Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Расмуссен хостори посухи "қатъӣ" ба Сурия шуд


Андерс Фог Расмуссен, дабири кулли Паймони Низомии Атлантики Шимолӣ, хостори аксуламали “қатъӣ” дар посух ба истифодаи аслиҳаи кимиёвӣ алайҳи Сурия шуд. Ӯ рӯзи душанбе дар нишасти хабарие дар шаҳри Брюссел гуфт, далелҳоеро дидааст, ки ҳукумати Сурия аз ин аслиҳа дар чанд маҳаллаи наздики Димишқ истифода кардааст: "Мавқеъи НАТО возеҳ аст. Ба кор бурдани аслиҳаи кимиёвӣ дар атрофи Димишқ дар рӯзи 21-уми август, ваҳшатангез ва нобахшиданӣ аст. Ба эътиқоди мо нодида гирифтани ин амали ваҳшатнок, ки ҷони садҳо зану мард ва кӯдакро гирифт, мумкин нест."
Иёлоти Муттаҳида истифодаи гази зарин дар наздикии Димишқро кори дасти нерӯҳои давлатии Сурия медонад ва мегӯяд, дар ин ҳамла дасти кам 1400 нафар кушта шудаанд. Пештар аз баёнияи дабири кулли НАТО Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия гуфт, кишвараш аз далелҳои пешниҳодкардаи Амрико дар бораи истифодаи аслиҳаи кимиёвӣ аз тарафи нерӯҳои ҳукумати Сурия қаноатманд нашудааст. Айни замон нозирони Созмони Милал намунаҳои бардошта аз маҳалли ҷангро таҳқиқ мекунанд.
XS
SM
MD
LG