Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шикояти сокинон аз корхонае, ки Тебалайро тоза мекард


Корхонаи «Билол-Б», бо кӯмаки СММ дар Кӯлоб баҳри рафъи хатари офати табии сохта шудааст.
Корхонаи «Билол-Б», бо кӯмаки СММ дар Кӯлоб баҳри рафъи хатари офати табии сохта шудааст.

Гурӯҳе аз шикоятгарон монеъи фаъолияти корхонае шудаанд, ки бо кумаки Созмони миллали муттаҳид дар Кӯлоб баҳри рафъи хатари офати табиӣ фаъолият мекунад.

Ин корхона дар поёни рӯдхонаи кӯчаки Тебалай бунёд шудааст ва бо тоза кардани ин рӯдхонаи хатарнок, ҳамзамон аз сангу қумаш маҳсулоти сохтмонӣ истеҳсол мекунад.

Бобомурод Бобокалонов, раҳбари корхонаи «Билол-Б» мегӯяд, ин рӯдхона ҳар сол аз сангу қум пур мешуд ва ин боиси обхезӣ мегардид. Ба гуфтаи ӯ, пас аз обхезии хатарбори моҳи майи соли 2010, ки дар Кӯлоб аз худ харобиҳои зиёд боқӣ гузошт, Муродалӣ Алимардонов, муовини сарвазири кишвар хостори таъсиси чунин корхона ба хотири рафъи офатҳои табиӣ шуда буд. Дар навбати худ намояндагии Созмони Миллали Муттаҳид(СММ) дар Тоҷикистон бо дарназардошти муҳимияти кор ба ин корхона таҷҳизоти зарурии муосир кумак кардааст.

Бобомурод Бобокалонов, раҳбари корхонаи «Билол-Б».
Бобомурод Бобокалонов, раҳбари корхонаи «Билол-Б».
Бобокалонов мегӯяд, ҳоло барои бунёди хонаҳо хиштҳои сементӣ, сангу шағал истеҳсол намуда, бо нархи арзонтар ба сокинон ба фурӯш мегузоранд, аммо шикояти чанд сокини Кӯлоб ба додситонӣ ва Оҷонсии мубориза зидди фасод монеъи кори онҳо шудааст.

Ӯ гуфт: «Шикоят доранд, ки гӯё кадом вақте дар ин корхона кор мекардаанд ва маош нагирифтаанд. Аммо дар ягон ҳуҷҷат номи онҳо нест. Зуд-зуд моро мақомот даъват мекунанд. Ожонсии коррупсия санҷид ва даъвояшонро беасос донист ва ҳоло ба додситонӣ навиштаанд. Вақти кор асту мо бояд сойи Тебалайро тоза кунем, лекин аз даъват ба мақомот ҳеҷ коре карда намешавад. Раиси шаҳри Кӯлоб Абдуғаффор Раҳмонов моро сахт дастгирӣ мекунад, вале ҳамин мақомот гоҳо беасос моро саргардон мекунанд ва аз кори асосиамон мемонанд.»

Ин соҳибкор мегӯяд, эҳтимол ин афродро рақибони онҳо ба шикоят кардан ва монеъи кор шудан таҳрик бидиҳанд, зеро онҳо маҳсулоти хушсифат ва бо нархи арзон истеҳсол мекунанд.

Аз чаҳор нафаре, ки ба гуфтаи соҳибкор ҳамеша зиддаш аризаи беасос менависанд, ягон нафарро пайдо накардем. Дар манзилҳои зисташон дар маҳаллаи Чармгарони Поёни Кӯлоб изҳор доштанд, ки онҳо ҳоло ба Душанбе рафтаанд. Талоши мо барои сӯҳбати телефонӣ ҳам натиҷа надод.

Дар додситонии минтақаи Кӯлоб ба мо гуфтанд, ки воқеан, аз номи яке аз ин сокинон бо мазмуне, ки маошашро ба мӯҳлати як солу як моҳ нагирифтаанд, ариза ворид шудааст. Дар ариза омадааст, ки ӯ бо ин соҳибкор шартномаи шифоҳӣ доштааст. Аммо масъулони додситонии минтақа изҳор доштанд, ки то анҷоми тафтиш наметавонанд ҳақ будани ҷониберо шарҳ бидиҳанд.

Дар ҳамин ҳол, Низомиддин Ёқубов, вакили мудофеъи соҳибкор мегӯяд, додситонии минтақаи Кӯлоб беасос аризаи яке аз даъвогаронро пазируфтааст, зеро ин баҳс бояд дар додгоҳ баррасӣ шавад, на дар додситонӣ.

Ҷаноби Ёқубов гуфт: «Додситонӣ бар хилофи қонун даъворо қабул кардааст. Дар гузашта ҳам чунин санҷишҳо буд ва беасос будани онҳо исбот шуда буд. Ин ҷо фикр мекунам, ки ҳадаф танҳо монеъи кор шудан аст, ки ҳар рӯз шоҳид даъват кунанду баёнот бигиранд. Агар ҳадаф фишор набошад, ин баҳсро бояд суд баррасӣ кунад.»

Зимни сафари худ ба Тоҷикистон Ребекка Гринспен, муовини дабири кулли СММ аз ин корхона дидан карда, аз фаъолияти он тавсиф карда буд. Абдулло Гулиев, раҳбари рушди барномаи СММ дар минтақаи Кӯлоб дар як сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки СММ ба хотире ба ин корхона кумак кардааст, ки хатари офати табииро пешгирӣ кунанд ва ҳам сокинони маҳаллиро бо ҷои кор таъмин кунанд. Ба гуфтаи Гулиев, ҳоло ин корхона ҳамон тавре фаъолияташро ба роҳ мондааст, ки ҳукумати Тоҷикистон ва СММ мехоҳад.

СММ ҳам ба хотире ба ин корхона ба маблағи 185 ҳазор доллар таҷҳизот кумак кардааст, ки аз хатари обхезии рӯдхонаи Тебалай пешгирӣ шавад.

Бар асари обхезии моҳи майи соли 2010 дар Кӯлоб садҳо хона хароб ва даҳҳо нафар ҳалок шуда буд. Омили аслии обхезиро дар пур шудани рӯдхонаи Тебалай медонистанд ва ҳоло ин корхона бо фаъолияти худ ҳар сол маҷрои сойро аз сангу қум холӣ мекунад.
XS
SM
MD
LG