Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳи Душанбе даъвои «Имрӯз News»-ро боз рад кард


Додгоҳи шаҳри Душанбе даъвои назоратии рӯзномаи «Имрӯз News» ва сардабираш Назири Нусратро рад кардааст. Рӯзи 2 сентябр Назири Нусрат ба Радиои Озодӣ гуфт, раёсати додгоҳи шаҳри Душанбе низ аз додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ аз 25 феврал, ки нашрияро ба пардохти 50 000 сомонӣ ҷуброн ба Рустам Ҳукумов - писари раиси ширкати роҳи оҳани Тоҷикистон муваззаф мекунад, ҳимоят кард.
Додгоҳи шаҳри Душанбе рӯзи 31 май низ шикояти рӯзномаи “Имрӯз Нюс” аз ин ҳукмро радд карда буд. Назири Нусрат мегӯяд, боз ҳам ба зинаҳои болотари додгоҳӣ шикоят хоҳанд бурд.
Баҳси додгоҳии Рустам Ҳукумов бо нашрияи «Имрӯз News» сари мақолаи Назири Нусрат бо номи «Боқиев ва Ҳукумов: писароне, ки «дарди сар»-и падар шуданд» аст, ки рӯзи 16 октябри соли 2012 чоп шуда буд.
XS
SM
MD
LG