Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мубоҳисаи Меркел бо рақиби аслиаш дар интихобот


Ангела Меркел, садри аъзами Олмон, бо Пир Штейнбрук раиси Ҳизби Сотсиал-Демократ ва рақиби аслиаш дар интихоботи порлумонӣ, дар як баҳси телевизионӣ ширкат кард. Дар ягона мубоҳисаи 90-дақиқаӣ дар рӯзи якшанбе ҳеҷ яке аз тарафҳо пирӯз нашуд. Дар ин мубоҳиса, Ангела Меркел ба дурустии мавзеъгирии сахтгиронааш нисбат ба Юнон ва дигар кишварҳои заъифтари ҳавзаи евро таъкид кард ва гуфт, чунин мавзеъгирӣ барои водор кардани он кишварҳо ба ислоҳот зарур буд. Ҳарду номзад гуфтанд, ки Олмон барои мудохилаи низомӣ дар Сурия нерӯ пешниҳод нахоҳад кард. Назархоҳиҳо дар бораи интихобот нишон додааст, ки 40 дар сади раъйдиҳандагон дар Олмон тарафдори ҷиноҳи Масеҳиёни Демократ ба раҳбарии Ангела Меркел ва камтар аз 25 дар сад тарафдори Ҳизби Сотсиал-Демократ ҳастанд. Маълум нест, Ҳизби Демократҳои Озоди Олмон, узви ҳукумати эътилофӣ бо раҳбарии Ангела Меркел ин дафъа дар интихобот раъйи кофӣ ба даст хоҳад овард ё на. Интихоботи порлумонӣ дар Олмон рӯзи 22 сентябр баргузор мешавад.
XS
SM
MD
LG