Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Созишномаи тартиби будубоши тоҷикон дар Русия дар баррасии Шӯро


Шӯрои Маҷлиси Намонядагон, палати поёнии порлумон, созишномаи тартиби будубоши шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русияро баррасӣ кард.

Муҳаммадато Султонов, рӯзи душанбеи 2 сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки мувофиқи созишномаи мазкур, шаҳрвандони Тоҷикистон, ки муваққатан дар қаламрави Русия қарор доранд аз ӯҳдадории бақайдгузорӣ дар макони будубош дар мақомоти салоҳиятдори Русия ба муддати 15 рўз озод карда мешаванд.

Ҷаноби Султонов гуфт, ки мӯҳлати будубоши муваққатӣ, ки дар банди 1-и моддаи созишнома зикр шудааст, аз рӯзи воридшавии шаҳрвандони Тоҷикистон ба қаламрави Русия тибқи варақаи тасдиқшудаи муҳоҷиратӣ бо нишони гузоштаи мақомоти назорати марзбонӣ ҳангоми воридшавӣ ба қаламрави Русия ҳисоб карда мешавад.

Ба таъкиди Муҳаммадато Султонов зимни баррасии ин созишнома дар Шӯрои Маҷлиси намояндагон зикр шуд, ки мувофиқи созишнома дар сурати аз 15 рӯз зиёд будубош намудани шаҳрванди Тоҷикистон дар қаламрави ин кишвар, шаҳрванди мазкур ӯҳдадор аст, ки дар мақомоти салоҳиятдори дар маҳали будубоши худ дар Русия мутобиқи қонунгузории он аз қайд гузарад.

Ҳамакнун пас аз баррасии созишномаи тартиби буду боши шаҳрвандони Тоҷикистон дар қаламрави Русия дар Шӯрои Маҷлиси Намояндагон, тасвиби ин санад дар иҷлосияи порлумон дар назар аст.

Аммо масъулони порлумон дар мавриди замони ба тасвиб расидани ин созишнома тариқи порлумон изҳорри назаре накарданд.

Зимнан, созишномаи тартиби буду бошӣ шаҳрвандони Тоҷикистон дар қаламрави Русия моҳи октябри соли гузашта дар ҷарёани сафари расмии Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия ба Тоҷикистон ба имзо расида буд.
XS
SM
MD
LG