Пайвандҳои дастрасӣ

Лавров далелҳои Амрикоро шубҳабарангез хонд


Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия, гуфт, кишвараш ҳанӯз ҳам аз далелҳои пешниҳодкардаи Амрико дар бораи истифодаи аслиҳаи кимиёвӣ аз тарафи нерӯҳои ҳукумати Сурия қаноатманд нашудааст. Сергей Лавров зимни суханронӣ дар Донишкадаи Давлатии Равобити Байналмилалии Маскав гуфт, далелҳое, ки Амрикову Фаронсаву Бритониё пеш овардаанд, “хому берабт” аст ва “шубҳаи зиёде” бармеангезанд. Ба қавли Сергей Лавров, дар сурати мудохилаи низомии хориҷӣ ҳам, мухолифони Сурия моил роҳи ҳалли сиёсии муноқиша дар ин кишвар нахоҳанд буд. Барак Обама, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, ду рӯз пеш гуфт, мутақоид шудааст, ки ҳукумати Башшор Асад, раиси ҷумҳури Сурия рӯзи 21 август дар ҳамла ба чанд маҳаллаи наздик ба шаҳри Димишқ аз аслиҳаи кимиёвӣ ба кор бурда, бештар аз 1400 нафарро куштааст. Аммо Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия дар ҳамон рӯз аз Амрико хост, далелҳояшро барои баррасӣ ба Созмони Милал пешниҳод кунад.
XS
SM
MD
LG