Пайвандҳои дастрасӣ

Толибон ба пойгоҳи Амрико ҳамла кардаанд


Бино ба гузоришҳо, ҷангҷӯёни Толиб ба як пойгоҳи низомии Амрико дар вилояти Нангарҳори Афғонистон ҳамла кардаанд. Сухангӯи волии Нангарҳо гуфтааст, ки ин ҷангҷӯён, аз ҷумла маргталабон субҳи рӯзи душанбе ба пойгоҳи Турхам дар наздикии марз бо Покистон ҳамла кардаанд ва нерӯҳои афғону амрикоӣ ба онҳо муқовимат мекунанд. Паймони НАТО бо нашри баёнияе гуфт, вуқӯъи чанд инфиҷор дар ин минтақаро таъйид кард, вале гуфт, ҳеҷ яке аз сарбозонаш кушта нашудаанд. Забеҳулло Муҷоҳид, сухангӯи Толибон, гуфтааст, ки ҷангҷӯёни ин гурӯҳ чанд тонкро нобуд кардаанд, вале таъйиди ин хабар ҳанӯз муяссар нашудааст.
XS
SM
MD
LG