Пайвандҳои дастрасӣ

Фармони президент дар бораи рухсатӣ ва даъват ба хизмати ҳарбӣ


Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон фармони ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбиеро, ки мӯҳлати хизматашон поён ёфтааст содир кард.

Тибқи ин фармон хизматчиёни ҳарбие, ки мӯҳлати муқаррар гардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд, моҳҳои октябр-ноябри соли 2013 аз сафи қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ба эҳтиёт рухсат дода мешаванд.

Ҳамчунин сар аз авали моҳи октябр то моҳи ноябри имсол ҷавонони ба синни 18 расида, инчунин ҷавонони то синни 27 расида барои хизмати ҳарбӣ даъват мешаванд.

Ҳамасола бо шурӯъ шудани даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ масъалаи маҷбурсозии ҷавонон ё гурези даъватшавандаҳо аз хизмати ҳарӣ ба миён меояд. Ҳарчанд ки мардум аз ғофилгир ё худ бо истилоҳ «обалава» шудани ҷавонон аз ҷониби кормандони ниҳодҳои масъул шикоят мекунанд, аммо мақомот вуҷуд доштани чунин амалро рад мекунанд.
XS
SM
MD
LG