Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҷон Керрӣ: Дар Сурия гази зарин истифода шудааст


Ҷон Керрӣ

Ҷон Керрӣ

ИМА далелҳоеро зери даст дорад, ки ба истифода шудани силоҳи кимиёвӣ дар канори Димишқ, пойтахти Сурия, шаҳодат медиҳанд. Ҷон Керрӣ, вазири умури хориҷии Амрико, рӯзи якшанбе ба шабакаҳои телевизионии NBC ва CNN гуфт, ки аз ҷойи ҳамлаи кимиёвӣ дар Сурия намунаҳои мӯи сар ва хун бо нишонаҳои заҳри кимёвии зарин дастрас шудаанд.

Ҷон Керрӣ изҳори итминон кард, ки Конгресси ИМА барои баргузории амалиёти низомӣ дар Сурия раъй медиҳад.Рӯзи шанбе, 31-уми август, раисиҷумҳури Амрико Барак Обама, гуфт, ки омодааст ба амалиёти низомӣ дар Сурия фармон диҳад, аммо мехоҳад, аввал ризоияти аъзои Конгрессро ба даст орад.

Нахуствазири Сурия Воил ал-Ҳалқӣ дар вокуниш ба изҳороти Обама гуфт, ки нерӯҳои мусаллаҳи кишвар дар ҳоли омодабоши комил қарор доранд ва ба ҳама гуна таҳдид посух хоҳанд дод.

Раиси Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон Муҳаммад Алӣ Ҷаъфарӣ гуфт, “ин як хаёл аст, ки дахолати низомии Амрико бо ҳамла ба қаламрави Сурия маҳдуд шавад”.

Муҳаммад Абуд, муовини фармондеҳи нерӯҳои шарқии Артиши озодихоҳи Сурия, аз тасмими Обама барои дахолати низомӣ ба қазияи Сурия истиқбол кард.
XS
SM
MD
LG