Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Попи Рум аз сарнавишти Сурия изҳори нигаронӣ кард


Попи Рум Франсиск истифодаи силоҳи кимиёвӣ дар Сурияро маҳкум кард ва аз ҳама католикҳои олам хост, ки рӯзи 7 сентябр барои сулҳу оромӣ дар Сурия дуо кунанд.

Раҳбари католикҳо ба гунае ишора кард, ки мухолифи мудохилаи низомӣ ба умури Сурия аст. Дар муроҷиати рӯзи якшанбе ба ҳазорон зиёратгарон дар Ватикан ӯ гуфт, “қалби ман аз он чӣ дар Сурия мегузарад, хунбор аст ва маро фардои ин қазия нигарон кардааст”.

Попи Рум аз пайравони дигар дину мазҳабҳо ва ҳамаи мардуми адолатхоҳ низ даъват кард, ки рӯзи 7 сентябр ба дуову ниёиш барои оромӣ дар Сурия ҳамроҳ шаванд.
XS
SM
MD
LG