Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Намоишгоҳи байналмиллалии «Китоби Душанбе» баргузор мегардад


Аз 4 то 6-уми сентябри соли ҷорӣ дар муассисаи давлатии «Душанбе-Плаза» намоишгоҳи сеюми байналмиллалии «Китоби Душанбе» баргузор мегардад.

Зимни таъиди ин хабар аз вазорати фарҳанги Тоҷикистон гуфтанд, ки давоми ин се рӯз фурӯши озоди китобу мусаввараҳо аз 50 нашриёти дохилӣ, муассисаҳои нашрияивии 20 кишвари хориҷӣ ва муаррифии 21 китоби тозанашр дар назар аст. Ҳамчунин рӯзҳои баргузории намоишгоҳи мазкур, миёни толибилмони мактабҳо озмуни «Биё, китоб мехонем!» доир мегардад.

Манбаъ афзуд, омӯзгорону шогирдони пирӯз дар озмунҳои намоишгоҳ соҳиби диплом мешаванд. Ҳамчунин қарор аст, ки аз 300 то 700 нусха китобҳои тозанашр ба мактабҳои ғолиб тақдим карда шавад.
XS
SM
MD
LG