Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Лағви консерт дар Алмаато боиси бенизомиҳо шуд


Дар шаҳри Алмаато шоми шанбе ҳазорон мухлисони овозхони маъруфи қазоқ Ғайрат Нуртас ба нишони норозигӣ аз консерт даст ба бенизомиҳо заданд. Шоҳидон ба хабаргузории “Интерфакс” гуфтанд, ки овозхон баъд аз сурудани як тарона саҳнаро тарк намуд ва ба манзилаш баргашт. Далели ин гуна рафтор кардани овозхон маълум нест.

Лағви консерт боиси он шуд, ки мухлисон саҳна ва ҳама асбобҳои мусиқиро хароб карданд. Бар асари тазоҳурот дасти кам даҳ тан аз сарбозони нерӯҳои дохилӣ осеб диданд. Хабаргузориҳо навиштаанд, ки дар канори маркази тиҷоративу фароғатие, ки Нуртас бояд ҳунарнамоӣ мекард, мошини як корманди милиса ва як қаҳвахонаи тобистона оташ зада шуданд.

Ба иттилои кормандони пулис, баъдан мухолисони норозӣ ба дигар маҳалли шаҳр рафта, занозании оммавиро ташкил карданд.
XS
SM
MD
LG