Пайвандҳои дастрасӣ

Сокинони Бритониё зидди ҷанг дар Сурия садо баланд карданд


Дар Лондон намоиши оммавӣ алайҳи амалиёти низомии эҳтимолии ИМА дар Сурия баргузор шуд. Ба гуфтаи созмондиҳандагон барои ширкат дар ҳамоиши таҳти унвони “Ҷангро боздоред!” тақрибан панҷ ҳазор нафар аз ҳама гӯшаҳои кишвар ба пойтахт омаданд.

Баъд аз гирдиҳамоӣ дар майдони Трафалгар тазоҳуркунандагон дар хиёбонҳои марказии Лондон раҳпаймоӣ карда, аз ҷумла, аз канори бинои парлумон ва қароргоҳи нахуствазир дар Даунинг-стрит убур намуданд. Эътирозгарон дар даст шиорҳои “Аз Сурия даст бардоред!”, “Ҷанг чизеро ҳал намекунад”, “Ҷангҳоро коҳиш диҳед, на кӯмакҳои иҷтимоиро!” доштанд. Рӯзи панҷшанбе парлумони Бритониё алайҳи ширкати кишвар дар амалиёти низомӣ алайҳи Сурия раъй дод.

Рӯзи шанбе, 31-уми август, раисиҷумҳури Амрико Барак Обама гуфт, ки омодааст ба амалиёти низомӣ дар Сурия фармон диҳад, аммо мехоҳад, аввал ризоияти аъзои Конгрессро барои ин ба даст орад. Ӯ афзуд, раҳбарони Конгресс розиянд, ки дар ҷаласаи навбатии худ ин масъаларо баррасӣ кунанд, вале нагуфт, ки дар ҳоли раъйи мухолифи Конгресс ба амалиёт дар Сурия амр хоҳад дод ё не.
XS
SM
MD
LG