Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барқияи Эмомалӣ Раҳмон ба Ислом Каримов


Эмомалӣ Раҳмон, зимни ирсоли барқияи табрикотӣ ба Ислом Каримов аз ҳамтои узбаки худ хоҳони таҳкими муносибати дӯстии ҳарду кишвар шудааст. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 1-уми сентябр дар барқияи табрикотии худ ба муносибати рӯзи истиқлолияти Ӯзбекистон ҳамчунин гуфтааст кишвараш дар ин самт омодаи гуфтугӯи сиёсӣ аст. «Мо омодаи гуфтугӯи сиёсии эътимодбахш бо мақсади самаранок ва комимл намудани муносибот миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон дар ҳама соҳаҳо, ки дорои таваҷҷуҳи ҳарду ҷонибанд, ҳастем.»
XS
SM
MD
LG