Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эмомалӣ Раҳмон хоҳони таҷдиди барномаҳои таълимӣ шуд


Раисиҷумҳури Тоҷикистон хост, ҳарчӣ зудтар барномаҳои таълимии мактабҳои олӣ ба "талаботи имрӯза" мутобиқ гардонда шаванд.

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон, ки якшанбеи 1-уми сентябр дар ҷашни Рӯзи дониш дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи Муҳаммад Осимӣ ширкат кард, гуфт барои таъмини ниёзҳои афзояндаи кишвар ба кадрҳои пешрафтаи риштаҳои гуногун бояд барномаи омӯзишии мактабҳои олии Тоҷикистон навсозӣ шаванд.Ин дар ҳоле буд, ки раисиҷумҳур бинои нави бахши сохтмон ва меъмории ин донишгоҳро, ки ба шакли модерн бунёд шудааст, ифтитоҳ намуд.

Вай ҳамчунин ба зарурати рушди илм ва фанновариҳои муосир ишора кард, ва гуфт, ки барои рушди амалии илмҳои дақиқ дар кишвар ҳоло ҳам «на ҳамаи озмоишгоҳҳо ва марказҳои таҳқиқотӣ шароити мусоид доранд.»

Аз соли 2006 барои таъмини муассисаҳои илмиву таҳқиқотӣ ва озмоишгоҳҳои муассисаҳои таълимӣ бо қарори ҳукумати Тоҷикистон дар назди Академияи илмҳо “Маркази ҷумҳуриявии таъминоти соҳаҳои илм бо таҷҳизоти техникӣ, асбобҳо, маводи кимиёвӣ ва васоити экспедитсионӣ” таъсис дода шуда буд.

Вале Эмомалӣ Раҳмон гуфт, таъсири фаъолияти ин муассиса то имрӯз маълум нест ва «қариб ҳамаи муассисаҳои илмиву таҳқиқотӣ ва озмоишгоҳҳо аз нарасидани таҷҳизоти зарурӣ душворӣ мекашанд.»

Тибқи омори расмӣ ҳоло дар Тоҷикистон дар 36 муассисаи таҳсилоти олӣ аз рӯи 300 ихтисос зиёда аз 156 ҳазор донишҷӯ таҳсил мекунад, ки ҳар сол беш аз 30 ҳазор нафар таҳсилро дар ин муассисаҳо ба поён мерасонанд ва ба фаъолияти касбӣ оғоз мениҳанд. Аммо зиёда аз 40 дарсади онҳо ҷойи кор намеёбанд ва роҳи муҳоҷират ба Русияро дар пеш мегиранд. Агар аз як сӯ камии дастмузд сабаби ин ҳол бошад, аз сӯи дигар, гуфта мешавад, ширкату муассисаҳо аз сифати кадрҳои нав қонеъ нестанд ва ба мутахассисоне бартарӣ медиҳанд, ки таҳсилашон ба соли 1990-и садаи гузашта рост омадааст.

Дар ҷашни Рӯзи дониши соли гузашта раисиҷумҳури Тоҷикистон аз барномаҳои таълимии мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ изҳори ноқаноатмандӣ карда буд, вале имсол гуфта нашуд, дар ин ришта чӣ пешрафт ба даст омадааст. Зоҳиран, ислоҳот дар мактабҳои миёна бо мушкил рӯбарӯст ва сарони мактабҳои олӣ аз дониши хатмкунандагони мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ розӣ нестанд.

Имрӯз 1-уми сентябр дар Тоҷикистон соли нави хониш оғоз ёфт ва ҳудуди 200 ҳазор нафар хонандагон ба синфи якум рафтанд. Ин дар ҳолест, ки солҳои қабл ин шумора нисбатан кам буд.

Субҳи имрӯз хонандагони мактабҳои ҳамагонӣ бо гулу гулдастаҳо бо волидайни худ ба мактаб рафтанд. Тибқи қарори вазорати маориф имрӯз аз соати 8-и субҳ то соати 9 дар мактабҳои ҳамагонии Тоҷикистон ҷамъомад ба муносибати Рӯзи дониш гузаронида шуд.

Вазорати маорифи Тоҷикистон имсол барои ҳамаи хонандагони мактабҳои миёна сарулибоси ягона дастур дод ва чанде аз корхонаҳои дузандагӣ онро омода карданд. Ҳарчанд, ки баъзе волидон аз чунин сару либос истиқбол карданд, вале ин сарулибоси тавсиянамудаи вазорат миёни хонандагон норозигиро ба бор овард.

Дар ҳоле ки Тоҷикистон беш аз як миллион мактаббача дорад, корхонаҳои дӯзандагии он танҳо барои 200 ҳазор нафар либос медӯзанд, ки ин тақрибан танҳо ба хонандагони синфи якум басандагӣ мекунад. Тасмим аст, соли оянда ҳамкории мактабҳо ва корхонаҳои дӯзандагӣ густариш пайдо кунад.
XS
SM
MD
LG