Пайвандҳои дастрасӣ

Навалний хостори низоми раводид бо Осиёи Марказӣ шуд


Номзад ба мақоми шаҳрдори Маскав Алексей Навалний изҳор намуд, ки дар сурати пирӯзияш дар интихобот теъдоди муҳоҷирони кориро дар пойтахт 70 дар сад кам мекунад. Дар посух ба суоли яке аз тамошобинони шабакаи телевизионии “Дожд” ӯ гуфт, ки ҷонибдори ҷорӣ кардани низоми раводид бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Қафқоз аст.

Ба гуфтаи Алексей Навалний, ӯ барои муассисаҳое, ки қонуни муҳоҷиратро поймол мекунанд, муҷозот муқаррар хоҳад кард, ширкатҳое, ки бо сармояи шаҳрдорӣ кор мекунанд, ҳаққи ба кор гирифтани хориҷиҳоро нахоҳанд дошт.

Аз ин пеш хабар дода шуд, ки сомонаи интернетии телевизиони “Дожд” мавриди ҳамлаи хакерӣ қарор гирифт ва аз ин рӯ пахши мустақими интернетии мунозираи номзадҳо ба мақоми шаҳрдори Маскав ба мушкил мувоҷеҳ шуд. Интихоботи шаҳрдори Маскав рӯзи 8 сентябр баргузор мешавад.
XS
SM
MD
LG