Пайвандҳои дастрасӣ

Шабакаҳои иҷтимоӣ

Қулма барои сайёҳони хориҷӣ боз мешавад


Марзи Тоҷикистон ва Чин. Акс аз бойгонӣ.

Марзи Тоҷикистон ва Чин. Акс аз бойгонӣ.

Қулма-гузаргоҳи марзии байни Тоҷикистону Чин дар ояндаи наздик барои убуру мурури шаҳрвандони кишварҳои дигар боз мешавад.

Котиби аввали сафорати Чин дар Тоҷикистон Ли Сяолу, ки дар нахутанҷумани иқтисодии Бадахшон дар Хоруғ ширкат дорад, ба «Озодӣ» гуфт, ки айни ҳол тибқи шартномаи байнидавлатии Чину Тоҷикистон, аз ин гузаргоҳ танҳо шаҳрвандони ин ду давлат ҳаққи гузар доранд, вале бо анҷоми таҷдиди роҳи нақлиётӣ, гузаргоҳ барои шаҳрвандони кишварҳои дигар ҳам боз мешавад.

Ли Сяолу гуфт: «Фикр мекунам, ки оянда ин масъала байни давлатҳои Чину Тоҷикистон баррасӣ мешавад. Айни ҳол ман иттилоъ надорам, ки оиди ин масъала ягон гуфтушунидҳо шуда бошанд, вале фикр мекунам, вақте роҳи нақлиётии байни Чину Тоҷикистон таҷдид ва навсозӣ мешавад, шаҳрвандони дигар давлатҳо ҳам имконияти истифода аз онро пайдо мекунанд.»

Аммо ширкатҳои сайёҳии Бадахшон баста будани гузаргоҳи Қулмаро барои шаҳрвандони кишварҳои дигар монеаъ дар роҳи густариши сайёҳӣ дар минтақа мешуморанд. Ба гуфтаи онҳо, бисёре аз сайёҳони кишварҳои дигар мехоҳанд, ки мустақиман аз роҳи нақлиётии байни вилоятҳои Бадахшони Тоҷикистон ва вилояти Худмухтори Шинҷону Уйғур истифода кунанд, аммо бинобар маҳдудият дар гузаргоҳи Кулма, маҷбур мешаванд, ки аз идомаи сафар даст кашанд ва ё ба роҳи тарнзитӣ рӯ оваранд.

Шагарф Муллоабдолов, узви «Ассотсиатсияи экофарҳангии сайёҳии Помир» изҳор дошт, ки таҷдиди роҳи нақлиётии байни Чину Тоҷикистон вақти зиёд мехоҳад, вале боз намудани намудани гузаргоҳи Қулма барои сайёҳони кишварҳои дигар ҳеҷ гуна масраф талаб намекунад. Оқои Муллоабдолов афзуд, ки лавғи маҳдудияти убуру мурур аз гузаргоҳи Кулма барои сайёҳони хориҷӣ ба нафъи ҳар ду кишвар буда, ба густариши сайёҳӣ дар манотиқи марзӣ мусоидат мекунад. Вай гуфт: «Имсол ваъда кардем барои се гурӯҳи сайёҳӣ, ки аз он тараф биёянд, мо онҳоро қабул кунем, ки ҳам нархи турҳои мо арзонтар шуданд ва ҳам осонтар буд, ки аз он ҷо онҳоро истиқбол кунем. Аммо омаданд ба Қошқар ва аз он ҷо натавонистанд ба Бадахшон биёянд ва маҷбур шудем, ки онҳоро аз тариқи Иркештами Қирғизистон ворид кунем, ки роҳашон 500 километр дарозтар шуд.»

Монеа дар роҳи убуру мурури сайёҳон дар гузаргоҳи марзии Қулма дар ҳоле вуҷуд дорад, ки ба гуфтаи узви гурӯҳи кориии мақомоти вилоятӣ Боймамад Алибахшев, санад оиди боз шудани гузаргоҳи Қулма барои шаҳрвандони кишварҳои саввум аз ҷониби сарони ду кишвар ҳанӯз соле қабл ба имзо расидааст. Вай гуфт, ки қарор аст, дар ояндаи наздик пас аз мулоқоти раисони вилоятҳои ҳамҷавор Чин ва Тоҷикистон, гузаргоҳи Қулма барои сайёҳони хориҷӣ боз шавад.

Аммо ба бовари бархе аз коршиносон, нигаронии Пекин аз афзоиши сайёҳон дар вилоятҳои ҳаммарзи худмухтор, боиси таъхир дар боз шудани гузаргоҳи марзии Қулма барои шаҳрвандони кишварҳои дигар шудааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG