Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабари ба манзил баргаштани Мандела рад шуд


Дар каноре бемористоне, ки Мандела табобат меёбад
Дар каноре бемористоне, ки Мандела табобат меёбад
Мақомоти Ҷумҳурии Африқои ҷанубӣ хабари расонаҳо дар бораи тарки бемористон кардани раҳбари пешини кишвар Нелсон Манделаро такзиб намуданд. Дар изҳороти дафтари раисиҷумҳур гуфта шудааст, Мандела чун пештара дар бемористони Претория зери назорати табибон қарор дорад. “Хабари ба манзилаш дар канори Иоханнесбург баргаштани Нелсон Мандела ҳақиқат надорад”, гуфта шудааст дар изҳорот. Табибон аз вазъи сиҳати Манделаи 95-сола ҳамоно нигаронанд.

Барандаи ҷоизаи сулҳи Нобел Нелсон Мандела, ки рамзи зиндаи мубориза бо нажодпарастӣ маҳсуб мешавад, 8 июли соли равон бо маризии шуш ба бемористон интиқол ёфт.
XS
SM
MD
LG