Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Маргталаб мошинро дар канори постгоҳ тарконд


Дар шаҳри Қандаҳор, воқеъ дар ҷануби Афғонистон, бар асари таркиши мошин дасти кам панҷ нафар ба ҳалокат расиданд. Ҷовид Файсал, намояндаи волии вилоят гуфт, маргталаб мошинро дар ҳоле инфиҷор кард, ки корманди полис ӯро дар постгоҳи назди дафтари “Кобул Бонк” дар Қандаҳор нигаҳ дошт. Кормандони бемористони низомии Қандаҳор гуфтанд, ки дар ин ҳодиса 25 нафар маҷрӯҳ шудаанд.

Масъулияти ҳамларо ягон гурӯҳ бар дӯш нагирифтааст. Аммо мақомоти маҳаллӣ ангушти иттиҳом сӯи гурӯҳҳои мусаллаҳи наздик бо “Толибон” кардаанд, ки дар ҷануби Афғонистон фаъоланд.
XS
SM
MD
LG