Пайвандҳои дастрасӣ

Дар ду садама дар Қазоқистон 19 нафар ҷон бохтанд


Бар асари ду садамаи нақлиётӣ дар ҷануби Қазоқистон 19 нафар ба ҳалокат расида, 35 тани дигар ба бемористон интиқол ёфтанд. Ба иттилои додситонии вилояти Жамбул, субҳи рӯзи шанбе дар шоҳроҳи Алмаато-Тошканд автобус бо 52 мусофир ба мошини боркаши “Хово” бо ҳам бархӯрданд. Дар ин ҳодиса даҳ нафар, аз ҷумла, як кӯдак ҷон бохтанд, 34 нафар маҷрӯҳ шуданд.

Аз ин пеш садамаи дигар дар вилояти Алмаато мунҷар ба ҳалокати нӯҳ нафар, аз ҷумла, ду тифл шуд. Баъди ба ҳам бархӯрдан мошинҳои сабукрави Audi и Mitsubishi дар шоҳроҳи Алмаато- Уст-Каменогорск" оташ гирифтанд. Ба иттилои вазорати ҳолатҳои изтирории Қазоқистон, оташнишонҳо фақат баъд аз ним соат ба пурра фурӯ нишондани оташ муваффақ шуданд.
XS
SM
MD
LG