Пайвандҳои дастрасӣ

Замониддини Насриддин

Сароғози зиндагӣ ҳама дуранг аст, дар ҳама ҷабҳаҳо ду қувва дар ҳаракат буда, якдигарро пурра мекунанд ва якдигарро зинда медоранд, ин ҳам бошад «+» ва «-», шаб ва рӯз, марг ва ҳаёт, хайру шар, зебову зишт… чун яке аз байн бардошта шавад, ҳастӣ ҳам ба ҳам занад. Файласуфон гуфтаанд, ки зидҳо ягонаанд.

Дидгоҳҳо

Ҳеҷ гоҳе ҳама ба як фикр нахоҳанд буд ва нахоҳанд шуд, асоси пешравӣ -- гуногунфикрист, гуногунмавқеист ва гуногунандешист. Дар корҳои илмӣ низ назарҳо ба ҳам зид мешаванд ва тараққӣ мекунанд, корҳо ҳама аз тарси оппонентҳо бо ҷиддияти тамом навишта мешаванд, то ҳақиқат ва муваффақият ба даст оянд. Ҳеҷ гоҳе харакате низ ҷоиз нест, то ҳама якранг биандешанд ва мутаҳид шаванд, дине яке баргузинанд, забоне як бихоҳанд…

Акси равиш ҳаст, ки мавқее намоён мешавад, чун паллаи тарозу бардошта шавад, ҷуз ба замин афтоданҳо чизе насиб нагардад, шаб аст, ки рӯз мавқеъ дорад, марг аст, ки ҳаёт қимат… тасаввур кунед, агар марг набошад, зиндагӣ чӣ маъное медошт?

Дар оила низ фарзанд ва ё ҳамсар агар изҳори назар накунад, ки рафти зиндагиро тағйир мебояд – сарвари хона пешрафт намекунад.

Таълим

Бояд якранг андеша накард, то ба дигарон писанд афтад, бигузор гуногун андешид ва гуногун рафтор кард. Фарзандонро бояд ба гуногунандешиву рафтори озодона илҳом бахшид ва касеро барои андеша ва мавқеи муқобилаш танбеҳе мадод. Ҳамаро бояд гирди худ муттаҳид накард, то умре барои қудрат дар даст пайдо кард.

Саъдии ширинсухан мегӯяд:

Ҳурони биҳиштро дузах бувад аъроф!
В-аз дузахиён бипурс – аъроф, биҳишт аст!


Агар онҳоеро кӣ мавқеи дигар доранд -- яъне мухолиф ё оппозитсия ҳастанд, ҳадафи нестӣ қарор диҳем – худро низ маҳв хоҳем кард! Агар андешаву рафтори худро зери шубҳа нагузорем, ба ҳаққу ҳақиқат нахоҳем расид. Тарафи дигар ойинаест, ки неку бади моро нишон медиҳад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG