Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нозирони СММ Сурияро тарк намуданд


Нозирони СММ баъди анҷоми тафтиши мавзеи истифода аз силоҳи кимиёвӣ дар Сурия рӯзи шанбе вориди Лубнон шуданд. Дабири кулли СММ Бан Ки Мун изҳор намуд, ки ба нозирон барои таҳияи гузориш дар бораи натиҷаҳои тафтиш тақрибан ду ҳафта вақт зарур аст.

Рӯзи шанбе Ҷон Керрӣ, вазири умури хориҷии ИМА, хабар дод, ки бар асари ҳамлаи кимиёвӣ дар канори шаҳри Димишқ рӯзи 21 август 1429 нафар, аз ҷумла, 426 тифл ба ҳалокат расиданд. Ба гуфтаи ӯ, хадамоти кашфи Амрико тайид кард, ки маводи кимиёвӣ аз сӯи артиши раисиҷумҳур Башор Асад истифода шудааст. Мақомоти Сурия ин иттиҳомро рад карда, онро “дурӯғ” хонданд.

Раисиҷумҳури ИМА Барак Обама рӯзи ҷумъа изҳор намуд, ки имкони амалиёти низомии маҳдуд дар Сурияро байид намедонад. Ҳадафи амалиёт, ба гуфтаи ӯ, ин аст, ки на фақат Сурия, балки дигар кишварҳо низ ба меъёрҳои байнулмилалӣ оид ба истифода накардани силоҳи кимиёвиро бечучаро иҷро кунанд. Ҳамзамон Обама қайд кард, ки дар мавриди амалиёт дар Сурия тасмими ниҳоӣ нагирифтааст.

Сарвари Амрико афзуд, ки Вошингтон роҳҳои гуногуни амал дар Сурияро баррасӣ мекунад, аммо дар ягон тарҳ интиқоли нерӯҳои пиёдагарди ИМА ба ин кишвар пешбинӣ нашудааст.
XS
SM
MD
LG