Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Филми нави Шоҳруххон рекорд гузошт


Филми нави Боливуд бо номи “Ченаи Экспрес” дар се ҳафтаи аввали намоишаш рекорди нави гузошт.

Филм бо иштироки ситораҳои ҳунари Ҳиндустон Шоҳруххон ва Дипика Падуконе дар давоми 21 рӯз 30 миллион доллари ИМА ва ё 2,11 миллиард рупияи ҳиндӣ фоида овардааст.

То ин замон филми “Се аҳмақ”, ки соли 2009-ум ба навор гирифта шудааст, дар се ҳафтаи аввалин намоишаш 29 миллион доллари ИМА ва ё 2,02 миллиард рупия мафод оварда буд, ки нишондиҳандаи беҳтарини Ҳиндустон ба шумор мерафт.
XS
SM
MD
LG