Пайвандҳои дастрасӣ

Лубнон 5 нафарро ба бобмгузорӣ муттаҳам кард


Дар Лубнон панҷ нафар аз ҷумла як капитани артиши Сурия ва як шайхи суннимазҳаби наздик ба ҳукумати он кишварро ба бомбгузории хунини ҳафтаи гузашта дар шаҳри Троблус муттаҳам кардаанд. Шайх Аҳмад Ғариб ҳамроҳ бо Мустафо Ҳурӣ ба ташкили ҳалқаи террористӣ ва тарҳрезии бомбгузорӣ дар ду масҷиди сунниҳо муттаҳам мешаванд. Иттиҳомот алайҳи афсари Сурия ва як шаҳрванди дигари ин кишварро дар ғайбашон эълон кардаанд. Шайх Ҳишом Минқора, дигар шайхи суннимазҳабро ба пинҳон доштани ҷиноят муттаҳам кардаанд. Ба гуфтаи матбуоти Лубнон, Шайх Аҳмад Ғариб эътироф кардааст, ки ду бомбгузорӣ дар рӯзи 23 август, ки дасти кам 45 нафарро кушта, садҳо тани дигарро маҷрӯҳ кард, кори дасти ҷосусони суриягӣ будааст. Наҷиб Миқотӣ, нахуствазири Лубнон гуфтааст, ҳадаф аз ин ҳамлаҳо барангехтани низоъҳои мазҳабӣ дар кишвараш будааст.
XS
SM
MD
LG