Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳбари ҳалқаи Ал-Қоидаро пас аз туяш куштанд


Бино ба гузоришҳо аз Яман, Қоид ал-Заҳаб, як раҳбари Ал-Қоида дар ҷануби ин кишвар, бар асари ҳамлаи мушакии ҳавопаймои бесарнишини Амрико кушта шудааст. Иёлоти Муттаҳида, ҳалқаи Ал-Қоида дар Яманро аз хатарноктарин ҳалқаҳои ин созмони террористӣ медонад ва дар гузашта ҳам борҳои аъзои онро ҳадаф гирифтааст. Дар зарбаи мушакӣ дар вилояти Байзо, Қоид ал-Заҳаб, раҳбари созмони Ал-Қоида дар нимҷазираи Араб ба ҳалокат расидааст. Хабаргузории "Франс Пресс" аз қавли қабиласолоре навиштааст, ки ҳавопаймои бесарнишини мошини ал-Заҳабро чанд соат баъд аз издивоҷаш дар рӯзи панҷшанбе нобуд кардааст. Телевизиони Си Эн Эн мегӯяд, 5 ҷангҷӯи дигар ҳам дар ин ҳамла кушта шудаанд.
XS
SM
MD
LG