Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия хариди гӯшти хук аз Белорусро бас кард


Давлати Русия воридоти маҳсулоти гӯшти хук ва хуки парвоӣ аз Ҷумҳурии Белорусро муваққатан манъ кардааст. Алексей Саурин, муовини раиси Росселхознадзор, муассисаи назорат бар маҳсулоти кишоварзӣ рӯзи ҷумъа гуфт, бинобар сабт шудани мавориди сирояти “таби африқоии хук” дар Ҷумҳурии Белорус воридот аз ҳамин рӯз мамнӯъ мешавад. Рӯзе пештар аз ин, Геннадий Онишенко, раиси Хадамоти Беҳдоштии Русия гуфт, ки сифату маҳсулоти ширии воридотӣ аз Белорус ва шароити нигаҳдории ин маҳсулот мувофиқи талабот нест. Зоҳиран ин моҷаро ба парвандаи Владислав Баумгертнер, раиси ширкати бузурги русии тавлиди нуриҳои минералӣ “Уралкалий иртибот дорад, ки ӯро дар Минск боздошт карданд. Баумгертнерро дар сӯистифода аз мақом ва аз ин роҳ латма задан ба ширкати “Белорускалий” ва ҳамингуна иқтисоди Ҷумҳурии Белорус муттаҳам мекунанд.
XS
SM
MD
LG