Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Одлум:"Дар Тоҷикистон мавод барои бомби атомӣ нест"


Як дипломати баландпояи амрикоӣ гуфтааст, ҳарчанд дар Тоҷикистон маводи лозим барои сохти бомби атомӣ вуҷуд надорад, вале мумкин аст, ки қочоқи ин гуна мавод аз тариқи Тоҷикистон сурат бигирад. Ҷефрӣ Одлум, раиси бахши мубориза бо терроризм ва муқобила бо қочоқи маводи ҳастаӣ дар вазорати умури хориҷии Амрико дар сӯҳбат бо хабаргузории «Ховар» гуфтааст, дар мулоқотҳои ахираш бо мақомоти Тоҷикистон масъалаи тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба барои ҷилавгирӣ аз қочоқи маводи ҳастаиро баррасӣ кардааст. Ба гуфтаи ӯ, «ҳарчанд дар Тоҷикистон ураниум ва плутониуми лозим барои сохти бомби атомӣ вуҷуд надорад, вале мо бим дорем, ки метавонанд, ин гуна маводро аз тариқи қаламрави Тоҷикистон қочоқ кунанд. Ба қавли Ҷефрӣ Одлум, кашфи маводи ҳастаӣ дар солҳои 2010 дар Гурҷистон ва соли 2011 дар Молдова аломати он аст, ки дар бозори сиёҳ ҳанӯз маводи атомӣ ҳаст.» Дипломати амрикоӣ афзудааст, ки Тоҷикистон дар амри муқобила бо қочоқи маводи ҳастаӣ, як шарики боэътимоди Амрико аст ва кишвараш дар оянда таҷҳизоту абзори муосир барои ташхиси ташшашӯъ ва ё радиатсияро дар ихтиёри Тоҷикистон хоҳад гузошт. Ҳайати амрикоӣ ба раҳбарии Ҷефрӣ Одлум аз рӯзи 27 то рӯзи 28 август дар Душанбе қарор дошт.
XS
SM
MD
LG