Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бомбгузориҳо дар Бағдод кори Ал-Қоида будааст


Як шохаи Ал-Қоида дар Ироқ масъулияти силсилаи бомбгузориҳои хунин дар шаҳри Бағдодро бар дӯш гирифт, ки бештар аз 70 нафар кушта ва 200 танро захмӣ карданд. Созмони “Давлати Исломии Ироқ ва Шом” бо нашри баёнияе рӯзи ҷумъа гуфт, бо ин бомбгузорӣ дар маҳаллаҳои шиъанишини Бағдод, барои қатли сунниҳо дар чанд вақти пеш ниқор гирифтааст. Рӯзи 19 август дар Ироқ 17 нафарро ба истиснои яке аз онҳо дар терорризм гунаҳкор дониста ва ба қатл карданд. Ҳалқаи Ал-Қоида мегӯяд, рӯзи чаҳоршанбе “идораҳои ҳукуматӣ, амниятӣ ва низомӣ” ва марказҳои шиаҳоро ҳадаф гирифт, агарчӣ бомбгузориҳо дар кӯчаҳову автобус ва бозору қаҳвахонаҳои пуродам сурат гирифта буд. Ба гуфтаи Созмони Милал, моҳи июл дар хушунатҳои мазҳабӣ дар Ироқ 1000 нафар кушта шудаанд. Дар моҳи август ба гузориши расонаҳо, 800 нафар ҷон додаанд.
XS
SM
MD
LG