Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Порлумони Бритониё пешниҳоди Кемеронро рад кард


Порлумони Бритониё пешниҳоди ҳукумат барои иқдоми низомӣ алайҳи Сурияро рад кард. Дар ҷаласаи фавқуллодаи порлумон дар рӯзи панҷшанбе 285 вакил мухолиф ва 272 нафар ба тарафдории мудохилаи низомӣ дар Сурия раъй додаанд. Дейвид Кемерон, нахуствазири Бритониё гуфт, мухолифати вакилон ба мудохилаи низомӣ возеҳ аст ва ӯ ба иродаи порлумон беэътиноӣ нахоҳад кард ва барои иқдоми низомӣ алайҳи Сурия иҷоза нахоҳад дод. Ҳукумати Дейвид Кемерон хостааст, дар аксуламал ба истифодаи эҳтимолии аслиҳаи кимиёвӣ дар Сурия, алайҳи ин кишвар иқдоми низомӣ сурат бигирад. Ҳукумати Амрико гуфтааст, “мумкин аст, эътилофе ба раҳбарии Иёлоти Муттаҳида алайҳи Сурия иқдом кунад ва кишварҳое, ки меъёрҳои байналмилалӣ дар бораи аслиҳаи кимиёвиро риоят намекунанд, бояд сазои амалашонро бубинанд.” Бино ба гузоришҳо рӯзи 21 август дар ҳамла бо гази кушанда дар чанд маҳаллаи канори шаҳри Димишқ садҳо нафар кушта шудаанд.
XS
SM
MD
LG