Пайвандҳои дастрасӣ

Дар шаҳри Хоруғ нахустанҷумани иқтисодии Бадахшон ба кори худ шурӯъ кард. Дар он тарҳҳои интизори сармоягузорӣ пешкаш ва баррасӣ мешаванд.

Ин анҷуман бо ибтикори Вазорати рушди иқтисоди Тоҷикистон ва Созмони амният ва ҳамкории Аврупо баргузор шуда, ҳадафи он ҷалби сармояи хориҷӣ ба ин минтақаи кӯҳистонии кишвар арзёбӣ мешавад. Нахустанҷумани иқтисодии Бадахшон рӯзҳои 30 ва 31-уми августз идома мекунад.

Дар ҳамин ҳол сардори мудирияти минтақаи озоди Ишкошим Айдибек Бекмуродӣ гуфт, ки баргузории форум ба мушкилоти молӣ рӯбарӯ гаштааст. Зеро бархе аз ташкилотҳои байналмилалӣ, ки барои маблағгузории анҷуман изҳори омадагӣ карда буданд, пул ҷудо накардаанд.

Ба гуфтаи оқои Бекмуродӣ, бинобар он, ки ҷуз Ташкилоти Рушди Оғохон, дигар ташкилотҳои байналмиллалии ҳамкор маблағ ҷудо накарданд, онҳо ҳудуди 20 ҳазор доллар аз соҳибкорони маҳаллӣ қарз гирифтанд. Ба форум аз 15 давлат наздики 170 меҳмон ташриф овардааст.

Аммо вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Шариф Раҳимзода дар сӯҳбат ба Озодӣ гуфт, шарикони байналмилилӣ дар ин росто тааҳҳудашонро иҷро карданд ва дар зудтарин фурсат маблағро хоҳанд дод. Оқои Раҳимзода ин таъхирро мушкили фаннӣ хонд.

Ҳамзамон ба гуфтаи оқои Бекмуродӣ, 18 нафар соҳибкорони афғон, ки қарор буд дар форум ширкат меварзиданд, бинобар мушкилоти дарёфти раводид ба Хоруғ омада натавонистонд, дар ҳоле, ки Кумитаи тадорукоти анҷуман тамоми асноди лозимро барои онҳо фиристода буд.

Ба гуфтаи Бекмуродӣ, ин ҳам дар ҳолест, ки минтақаи озоди иқтисодии Ишкошими Тоҷикистон дар марз бо Афғонистон ҷой гирифта, дурнамои рушди он аз иборат аст, ки дар баробари сокинони Тоҷикистон, беҳбуди вазъи иқтисодӣ ва иҷтимоии наздик ба 2 миллион сокинин Афғонистони низ дар назар гирифтааст.

Хурсанд Вафобеков, сардори раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ гуфт: "яке аз хусусиятҳои баргузории форум барои ҷаҳониён муаррифӣ кардани иқтидори сайёҳии вилоят мебошад. Ба ин мақсад мо бевосита дар ҷойҳои муайян намоишгоҳҳо ташкил кардем. Барои мисол дар боғи ботаникӣ ширкатҳои сайёҳӣ намоиш баргузор мекунанд, ки дар кадом соҳа кор мекунанд ва чӣ иқтидор доранд. Намоишгоҳи дигарро ташкил кардем дар яке аз меҳмонхонаҳои хурди шаҳри Хоруғ, ки «Помирлоҷ» ном дорад дар он ҷо иқтидори меҳмонхонаҳо ва ҳоместейҳоро, ки дар маҳалҳо ташкил шуданд, ба намоиш гузошта мешавад. Ба ғайр аз ин дар осорхонаи шаҳри Хоруғ намоишгоҳ аз таъриху фарҳанги бойи мардуми вилоят ва кишвар ҳикоят мекунад. Ба ғайр аз ин дар боғи фарҳангу фароғати шаҳри Хоруғ маҳсулоти истеҳсоли худӣ ба намоиш гузошта мешавад, ки дар дар он қариб 120 истеҳсолкунанда ширкат меварзанд, то меҳмонон бо чашмони худ бинанд, ки ба кадом соҳа метавонанд, маблағгузорӣ кунанд".

Дар анҷуман масоили марбут ба рушди минтақаи озоди иқтисодӣ ва сайёҳӣ баррасӣ шуда, қисме аз иштирокдорон пас аз зӯҳр ба минтақаи озоди иқтисодии Ишкошом сафар карданд.

Ба иттилои сардори мудирияти минтақаи озоди Ишкошим, ҳукумати кишвар соли гузашта 600 ҳазор сомонӣ ва имсол 1 миллион сомониро барои рушди инфрасохтори минтақаи озоди Ишкошим ихтисос додааст.

Дар ҳамин ҳол, ба хотири муаррифии имкониятҳои табиӣ ва иқтисодии вилоят, дар ҳошияи ин форум дар чанд қисмати шаҳри Хоруғ намоиш ва фурӯши маҳсулоти деҳқонон, сайёҳӣ баргузор шуданд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG