Пайвандҳои дастрасӣ

Баҳси амнияти Афғонистон дар дидори Эмомалӣ Раҳмон бо Ян Кубиш


Дирӯз, 29-уми август Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо намояндаи махсуси Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид дар Афғонистон Ян Кубиш дар масъалаи таҳкими амнияту суботи иҷтимоию сиёсӣ ва эҳёи иқтисодиёти Афғонистон мулоқот кард. Аз дафтари матбуотии президенти Тоҷикистон хабар доданд, ки дар мулоқот масоили вобаста ба вазъи кунунӣ ва дурнамои Афғонистон ва ҳамгироии байналмилалӣ, аз ҷумла дар доираи Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ шуд. Ҳамчунин гуфта шудааст, ки дар ин замина Тоҷикистон бо сохторҳои қудратию ҳифзи ҳуқуқи Афғонистон ҳамкорӣ дошта, барои омода кардани кадрҳо дар кишвари худ ва интиқоли неруи барқи арзон ба ин кишвар мусоидат мекунад.
XS
SM
MD
LG