Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Башор Асад: "Мо худро аз ҳама гуна таҷовуз ҳифз мекунем!


Мақомоти Бритониё ба муҷрими ҳамлаи кимиёвӣ дар канори Димишқ будани ҳукумати Сурия мутмаин нест

Башор Асад, раисиҷумҳури Сурия, изҳор намуд, ки кишвараш ба таҷовузи кишварҳои ғарбӣ муқовимат хоҳад кард.Дар ҳоле, ки ИМА ва Бритониё дар садади таҳияи тарҳи дахолати низомӣ ба умури Сурияанд, Асад рӯзи панҷшанбе дар мулоқот бо сиёсатмадорон аз Яман гуфт, Димишқ худро аз ҳама гуна ҳамла дифоъ хоҳад кард. Ба иттилои хабаргузории САНА, раҳбари кишвар гуфтааст, “Сурия бо мардуму артиши ҷасураш набард бо терроризмеро идома медиҳад, ки аз сӯи Исроил ва кишварҳои ғарбӣ барои манофеи худ ва ҷудоиандозӣ дар минтақа истифода мешавад”.

Нозирони силоҳи кимиёвии СММ, ки айни ҳол дар Сурия қарор доранд, рӯзи ҷумъа тафтиши қазияи ҳамлаи кимиёвӣ дар шарқи Димишқро анҷом медиҳанд ва ба зудӣ хулосаи пешакии худро ба Бан Ки Мун, Дабири кулли Созмони Милал, пешниҳод мекунанд. Онҳо ҳаққи натиҷагирӣ дар мавриди масъулони ҳамлаи кимиёвиро, ки бар асари он дасти кам 355 нафар кушта шудаанд, надоранд.

Дар ҳамин ҳол, мақомоти Бритониё дар мавриди муҷрим дар ҳамлаи кимиёвӣ, ки рӯзи 21 август дар канори шаҳри Димишқ ба вуқӯъ пайваст, сад дар сад мутмаин нестанд. Дар ин бора нахуствазири Бритониё Дэвид Кэмерон зимни суханронӣ дар баррасии авзои Сурия дар нишасти махсуси парлумони кишвар хабар дод. Ҳамзамон Кэмерон изҳор намуд, ӯ шахсан дар ин ҳамла, ки мунҷар ба ҳалокасти садҳо нафар шуд, режими раисиҷумҳури Сурия Башор Асадро айбдор мехонад.


Дэвид Кэмерон

Дэвид Кэмерон

Вакилони парлумони Бритониё бояд дар робита ба имкони ширкати кишвар дар амалиёти низомӣ дар Сурия, ки ба гуфтаи нахуствазир, посух ба ҷиноятҳои низомии режими Димишқ хоҳад шуд, раъй диҳанд. Дэвид Кэмерон ҳамчунин гуфт, ки агар пешниҳод дар мавриди дахолати низомии байнулмилалӣ аз сӯи Шӯрои амнияти СММ пазируфта нашавад, ҳамла ба муассисаҳои Сурия маънӣ нахоҳад дошт. Ду узви доимии Шӯрои амният – Русия ва Чин мухолифи дахолати низомӣ ба умури Сурияанд.

Рӯзи панҷшанбе Оятуллоҳ Алии Хоманеӣ, раҳбари рӯҳонии Эрон, гуфт, ки дахолати низомии Ғарб ба умури Сурия барои кишварҳои ғарбӣ паёмадҳои ногувор хоҳад дошт:

Аз ин пеш Барак Обама, раисиҷумҳури Амрико, гуфт, ки кишвараш ҳукумати Сурияро масъули ҳамлаи кимиёии ҳафтаи гузашта мехонад, вале дар бораи посухи эҳтимолии низомӣ ба ин амал тасмиме нагирифтааст.
XS
SM
MD
LG