Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Парвандаи Афридӣ аз нав бозрасӣ мешавад


Шакил Афридӣ
Шакил Афридӣ
Дар Покистон ҳукми додгоҳ дар баробари табиби маҳаллӣ Шакил Афридӣ лағв карда шуд. Шакил Афридӣ дар шаҳри Аббутобод маъракаи ваксинатсияи дуруғинро пеш мебурд, то маҳали иқомати Бен Лоденро пайдо кунад. Моҳи майи соли гузашта додгоҳ табибро барои кӯмак ба Хадамоти марказии кашфи Амрико дар хиёнат айбдор ва ба 33 соли маҳбас маҳкум кард. Акнун парвандаи Афридӣ аз нав баррасӣ мешавад.

Бар пояи хулосаи як ниҳоди ҳуқуқии назорат аз болои парвандаҳои ҷиноӣ, мақараш дар шаҳри Пешовар, ҳайати додрасҳое, ки парвандаи Афридиро аз рӯи қонунҳои минтақаи Хайбар бозрасӣ кардааст, берун аз ваколатҳои худ пой мондааст.

Раҳбари “Ал-Қоида” Усома Бен Лоден 2 маи соли 2011 дар ҷараёни як амалиёти вижаи неруҳои дарёии Амрико кушта шуд.
XS
SM
MD
LG