Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ду маҳбуси Гуантанамо ба Алҷазоир интиқол ёфтанд


Вазорати дифои Амрико ду маҳбуси зиндони Гуантанаморо ба мақомоти Алҷазоир супурд. Ба навиштаи хабаргузориҳо, Пентагон дар ин бора баъди он тасмим гирифт, ки мақомоти Алҷазоир кор нагирифтан аз шиканҷа лайҳи ин маҳбусон дар зиндони кишварро кафолат доданд.

Қабл аз истирдод парвандаи Нобил Саъдӣ Хоҷарабо ва Мутий Содиқ Аҳмадро комиссиюни вижа дубора тафтиш кард.

Баҳори соли равон дар зиндони Гуантанато тақрибан сад тан аз маҳбусон ба нишони эътироз алайҳи баррасӣ нашудани парвандаҳояшон даст ба гуруснашинӣ зада буданд. Айни ҳоо дар зиндони низомии Амрико дар Гуантанамо 162 нафар нигаҳ дошта мешаванд ва бештари онҳо аз сӯи додгоҳ муҳокима нашудаанд.
XS
SM
MD
LG