Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кэмерон: Дар бораи муҷрими ҳамлаи кимиёвӣ мутмаин нестем


Мақомоти Бритониё дар мавриди муҷрим дар ҳамлаи кимиёвӣ, ки рӯзи 21 август дар канори шаҳри Димишқ ба вуқӯъ пайваст, сад дар сад мутмаин нестанд. Дар ин бора нахуствазири Бритониё Дэвид Кэмерон зимни суханронӣ дар баррасии авзои Сурия дар нишасти махсуси парлумони кишвар хабар дод. Ҳамзамон Кэмерон изҳор намуд, ӯ шахсан дар ин ҳамла, ки мунҷар ба ҳалокасти садҳо нафар шуд, режими раисиҷумҳури Сурия Башор Асадро айбдор мехонад.

Вакилони парлумони Бритониё бояд дар робита ба имкони ширкати кишвар дар амалиёти низомӣ дар Сурия, ки ба гуфтаи нахуствазир, посух ба ҷиноятҳои низомии режими Димишқ хоҳад шуд, раъй диҳанд.

Дэвид Кэмерон ҳамчунин гуфт, ки агар пешниҳод дар мавриди дахолати низомии байнулмилалӣ аз сӯи Шӯрои амнияти СММ пазируфта нашавад, ҳамла ба муассисаҳои Сурия маънӣ нахоҳад дошт. Ду узви доимии Шӯрои амният – Русия ва Чин мухолифи дахолати низомӣ ба умури Сурияанд.
XS
SM
MD
LG