Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мухолифини сиёсии ҳукумати Кобул муттаҳид шуданд


Эътилофи тозатаъсиси 13 ҳизби мухолиф дар Афғонистон эълом дошт, ки номзади ягонаро барои ширкат дар интихоботи раёсатҷумҳурӣ пешбарӣ хоҳад кард. Ин гурӯҳ, ки Иттиҳоди интихоботии Афғонистон номгузорӣ шудааст, рӯзи панҷшанбе дар шаҳри Кобул нахустин нишасти худро баргузор кард.

Теъдоди зиёди аъзои ниҳоди ҷадидро гурӯҳҳои мухолифи сиёсӣ ва Эътилофи шимол, ки соли 2001 бо кӯмаки ИМА ҳукумати Толибонро шикаст дод, ташкил медиҳад. Миёни афроди калидӣ дар ин Иттиҳод сиёсатмадорони маъруф Абдулло Абдулло, ки дар интихоботи раёсатҷумҳурии соли 2009 мақоми дуввумро касб карда буд, Юнус Қонунӣ, собиқ раиси парлумони Афғонистон ва Абдулрашид Дустум, фармондеҳи пешин номбар мешаванд. Ибтидои моҳ раисиҷумҳур Ҳомид Карзай аз он изҳори нигаронӣ карда буд, ки теъдоди зиёди довталабон интихоби раёсатҷумҳурро барои мардум мушкил месозад.

Интихоботи президентии Афғонистон баҳори соли оянда баргузор мешавад.
XS
SM
MD
LG