Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аудиокассета 50-сола шуд


Моҳи августи соли 1963 дар як намоишгоҳи байналмилалии радио дар Берлин ширкати Филипс, кассетаи савтӣ (аудиокассета)як ихтироъи наверо муаррифӣ кард, ки чархиши азиме дар таърихи мусиқӣ дар ҷаҳон овард.

Навори савтиро дар плейери ҳамакорае шунида мешуд ва дар ҳар ду тарафи ин навор имкон дошт, аз 30 то 45 дақиқаӣ оҳангу суруд сабт кунанд. Аввал ин касетаҳо барои сабти садову нутқ ба кор мерафтанд ва сипас бо сабти мусиқиву оҳанг дар онҳо дар байни мардум маҳбуб шуданд.

Баъдан кассетаҳо дар баробари “қарта” ва ё пластинкаҳо василаи муҳими нашри мусиқӣ гаштанд ва сипас диск низ ба онҳо пайваст. Бо вуҷуди онки аз замони омадани кассетаи савтӣ 50 сол гузаштаву онҳо қадимӣ ба назар мерасанд, аммо ҳанӯз ҳам дар бисёре аз кишварҳои дар ҳоли рушд, ба таври васеъ истифода мешаванд ва дар Ғарб низ ба қадри кофӣ тарафдор доранд.

XS
SM
MD
LG