Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷустуҷӯи чатрбозони фурудомада дар канори Ворух


Сарҳадбонҳо ва пулиси тоҷик дар канори ҷамоати Ворухи ноҳияи Исфара, 140 киламетрии Хуҷанд ҳақиқати фуруд омадани чатрбозҳоро тафтиш мекунанд.
Лоиқ Маҳкамов, раиси ҷамоати Ворух ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳоло сарҳадбонҳо аз ҷустуҷӯ барнагашта ва маълум нест ин хабар ҳақиқат дорад ё хайр.

Ба гуфтаи вай, сокинони Ворух ин хабарро аз чӯпонҳои тоҷик ва онҳо ба навбати худ аз забони ҳамкасбони қирғизи худ шунидаанд, ки субҳи барвақти рӯзи панҷшанбеи 29 - уми август дар мавзеъи Офтобрӯи тахминан 25 киламетрии канори деҳаи Ворух, дар хоки Қирғизистон фурудойии чатрбозонро дидаанд.
Ба гуфтаи вай, дар наздики ин маҳал чӯпонҳои тоҷик низ ба чарои ҳайвонот машғул ҳастанд.

Ба навиштаи расонаҳо, марзбонҳову низомиёни қирғиз низ ба ҷустуҷӯи чатрбозони эҳтимолӣ сафарбар шудаанд.
XS
SM
MD
LG