Пайвандҳои дастрасӣ

Муколамаи стратегии Русияву Покистон дар Маскав


Рӯзи панҷшанбе дар Маскав “муколамаи стратегӣ”-и миёни Русияву Покистон оғоз меёбад.

Тибқи гузоришҳои расида раҳбарии ҳайати Покистонро котиби хориҷии ин кишвар Ҷалил Ҷилонӣ сарварӣ мекунад. Тахмин мешавад, ки дар муколама равобити иқтисодӣ, сиёсӣ, мудофиа ва масъалаҳои марбут бо амният арзёбӣ хоҳад шуд.

Русия аз узвияти Покистон дар Созмони ҳамкориҳои Шангҳай пуштибонӣ мекунад ва ба ин кишвар дар гирифтани мақоми номзад ба узвият дар ин созмон кумак кардааст.

Дар навбати худ Покистон кӯшишҳои узвияти Русия дар Созмони конфронси исломиро дастгирӣ мекунад.
XS
SM
MD
LG