Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

15 кушта бар асари ҳамлаи Толибон дар Фароҳ


Дар натиҷаи ҳамлаи Толибон дар ғарби Афғонистон 15 узви полиси миллии ин кишвар ба ҳалокат расида, 10 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд.

Абдураҳмон Жавандай-сухангӯи раиси вилояти Фароҳ, гуфт, ки афсарони полис ҳангоми ҳаракат дар гузаргоҳи кӯҳии ноҳияи Боло Балуки ин вилоят мавриди ҳамла қарор гирифтаанд.

Дар ин ҳамла фармондеҳи полис Амонхон низ ба қатл расида, чор мошини полис тахриб шудааст.

Жавандай афзуд, ки дар ҷавоб ба афзоиши ҳамлаҳо ва ба хусус ҳамлаҳо болои нақлиёт дар роҳи пайвасткунандаи вилоятҳои қандаҳору Ҳироти Афғонистон нерӯҳои амниятӣ дар Боло Балук амалиёт низомӣ раҳандозӣ кардаанд.
XS
SM
MD
LG