Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ИМА ва Тоҷикистон таҳдидҳои ҳастаиро баҳс карданд


Сафорати ИМА дар Душанбе
Сафорати ИМА дар Душанбе
Хабаргузории Итар тасс бо ишора ба изҳороти сафорати ИМА дар Душанбе иттилоъ медиҳад, ки 27 ва 28 август дар пойтахти Тоҷикистон мулоқоти ҳайатҳои Тоҷикистону ИМА доир шуд, ки дар он тарафҳо бори дигар ҷонибдориашон аз ҳамкории амиқтар дар масъалаи ҷилавгирӣ аз қочоқи маводи ҳастаӣ ва дастрасии гурӯҳҳои террористӣ ба маводи ҳастаиро тасдиқ карданд.

Ҳайатҳо, ки асосан аз намояндагони ниҳодҳои қудратии ду кишвар иборат будаанд, ҳамчунон таъкид кардаанд, ки дар масъалаи ҷилавгирӣ аз дастрасии террористон ва гурӯҳҳои ҷиноӣ ба бозори сиёҳи маводи ҳастаӣ аксуламали ҳамоҳангшуда муҳим аст.

Сафорат хотирнишон кардааст, ки бар пояи барномаи иқдомҳои муштарак, ки моҳи ноябри соли 2011-ум миёни Тоҷикистону ИМА ба имзо расидааст, ду кишвар дар бораи таҳдидҳои феълии ҳастаӣ табодули назар мекунанд.
XS
SM
MD
LG