Пайвандҳои дастрасӣ

Русия:Арзёбии посух ба Сурия барҳамал аст


Геннадий Гатилов

Геннадий Гатилов

Мақоми баландпояи Русия бар ин назар аст, ки даъват ба таҷовузи низомии Сурия таҳдиди ошкоро ба оинномаи СММ аст.

Рӯзи чоршанбе муовини вазири корҳои хориҷии Русия Геннадий Гатилов дар шаҳри Ҳейг ва ё Гаагаи Ҳолланд ба дабири кулли СММ Бан Кӣ Мун мавқеи кишварашро шарҳ додааст.

Ба ақидаи Русия қабл аз анҷоми кори муфаттишони СММ арзёбии посух ба ҳамлаи эҳтимолии кимиёӣ, ки ҳукумати Сурия бо баргузории он муттаҳам мешавад, амали муносиб нест.
XS
SM
MD
LG