Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ИМА дар раҳоии ҳамватанонаш аз Эрон кумак хост


 Роберт Левинсон бо аҳли оилааш
Роберт Левинсон бо аҳли оилааш
ИМА бори дигар аз Эрон даъват кардааст, ки ба ду амрикоии боздоштшуда дар ин кишвар дар бозгашт ба назди оилаҳояшон кумак расонад.

Ҳамчунон ИМА аз Эрон дархост намудааст, ки дар ҷустуҷӯи як амрикоии дар Эрон бе ному нишон шуда, ёрӣ расонад.

Рӯзи чоршанбе департаменти давлатии ИМА бо эҳтиром аз президенти нави Эрон Ҳасани Рӯҳонӣ дар ҳалли ин мушкилиҳо кумак хост.

Коршиносон мегӯянд, дар гузашта ИМА бо лаҳни шадидтаре аз президент Маҳмуди Аҳмадинажод кумак талаб карда буд.

Роберт Левинсон дар моҳи марти соли 2007-ум дар ҷазираи Кеши Эрон бе ному нишон шудааст.

Департаменти давлатии ИМА хотирнишон мекунад, ки собиқ маллоҳи низомии ИМА-Амир Ҳикматӣ, моҳи августи соли 2011-ум бо айбномаи қалбакии ҷосусӣ ҳабс шудааст.

Саид Обидинӣ бошад, моҳи сентябри соли 2012-ум бо айбномаи марбут ба эътиқоди динӣ ҳабс шуда, дар боздошт мавриди азияти ҷисмонӣ қарор гирифтааст.
XS
SM
MD
LG