Пайвандҳои дастрасӣ

Қарор дар мавриди Сурия то ҳол қабул нашудааст


 Барак Обама

Барак Обама

Президенти ИМА Барак Обама мегӯяд, ИМА ба хулоса омадааст, ки ҳукумати Сурия масъули ҳамлаи васеъмиқёси кимиёии ҳафтаи гузашта аст, вале то ҳол Вашингтон дар бораи посухи эҳтимолии низомӣ ба ин амал қароре қабул накардааст.

Рӯзи чоршанбе дар сӯҳбат бо телевизиони мардумии ИМА Барак Обама гуфт, Вашингтон посух ба ҳамлаи ҳукумати Сурия болои мардуми осоиштаро, ки 21-уми август ба вуқӯъ пайваста, ҳаёти садҳо нафарро аз байн бурдааст, арзёбӣ мекунад.

Президенти ИМА иброз доштааст, ки аксуламали Вашингтон маҳдуд хоҳад буд:


Ман ҳеҷ мақсад надорам, ки дар Сурия муноқишаи бепоён барпо шавад, вале бояд кафолат дод, ки кишварҳои поймолкунандаи меъёрҳои истифодаи силоҳ ба монанди силоҳи кимиёӣ, ки ба ҳамаи таҳдид мекунанд, ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.”

Дабири кулли СММ Бан Кӣ Мун рӯзи чоршанбе изҳор намуд, ки муфаттишони аслиҳаи СММ барои тафтиши эҳтимоли истифодаи силоҳи кимиёӣ дар Сурия ба чор рӯзи иловагӣ ниёз доранд.

Фиристодаи СММ дар Сурия Лазхар Иброҳимӣ мегӯяд, ҳар амали низомӣ дар Сурия бояд бо пуштибонии СММ сурат гирад.

Дар ҳамин ҳол Сурия аз СММ хостааст, муфаттишонашро ба макони ҳамлаҳои мухолифин ирсол намояд.

Ба гуфти мақомоти Сурия дар ин ҳамлаҳо мухолифин аз силоҳи кимиёӣ истифода бурдаанд.
XS
SM
MD
LG