Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обама: "Орзуҳои Кинг пурра амалӣ нашудааст"


Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико гуфт, орзуи Мартин Лютер Кинг барои як Амрикои орӣ аз нобаробарӣ на пурра, балки қисман амалӣ шудааст. Барак Обама ба ҳазорон нафар аз мардумони гуногуннажод дар майдони марказии шаҳри Вашингтон пайваст, ки барои таҷлили 50-умин солгарди нутқи таърихии Мартин Лютер Кинг ҷамъ омада буданд. Дар пояи маҷмаъи меъмории Линколн, ки соли 1963 Мартин Лютер Кинг, нутқи “Ман орзу дорам”-ро эрод кард, Барак Обама, нахустин раиси ҷумҳури сиёҳпӯсти Амрико мисли дигар нотиқон аз мардуми кишвараш даъват кард, ки аз пешрафтҳои ҳосилшуда қаноатманд набошанд ва бо “ҳушёрии пайваста” барои ормонҳои Мартин Лютер Кинг мубориза баранд: "Барои ҳифзи пешрафтҳое ба кишвар ноил шудааст, на худтаскиндиҳӣ, балки ҳушёрии пайваста лозим аст." Ба гуфтаи Барак Обама, барои мубориза бо нобаробариҳои иқтисодӣ, ислоҳоти муҳоҷират, табъизи аққалиятҳои ҷинсӣ ҷасорати соли 1963 лозим аст.
XS
SM
MD
LG