Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҷлили 50-умин солгарди нутқи таърихии Кинг


Ҳазорон нафар аз мардумони гуногуннажод рӯзи чаҳоршанбе дар майдони марказии шаҳри Вашингтони Амрико ҷамъ омада ва 50-умин солгади нутқи таърихии Мартин Лютер Кингро таҷлил карданд. Раҳпаймоӣ дар хиёбонҳои пойтахти Амрико аз паси як нусхаи айни автобусе шурӯъ шуд, ки Роза Парк, як бонуи фаъоли ҳуқуқи сиёҳпӯстон дар он замон, бо сарпечӣ аз талаби марди сафедпӯсте, аз курсиаш барнахост ва ҷояшро ба ӯ надод. Дар пояи маҷмаъи меъмории Линколн, ки соли 1963 Мартин Лютер Кинг, нутқи “Ман орзуе дорам”-ро эрод кард, ҳомиёни ҳуқуқ, ҳунармандон ва раиси ҷумҳурони собиқи Иёлоти Муттаҳида дар ҳузури мардуми зиёд суханронӣ карданд. Аксари нотиқон гуфтанд, ҳарчанд баъди суханронии Мартин Лютер Кинг Амрико аз назари эҳтиром ба ҳуқуқи маданӣ пешрафти зиёде сурат гирифтааст, аммо мубориза алайҳи табъизи нажодӣ ва нобаробариҳои дигар бояд идома кунад.
XS
SM
MD
LG