Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қатънома алайҳи Сурия дар Шӯрои Амният дармондааст


Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мегӯяд, тарҳи қатънома алайҳи Сурия бинобар “носозгории” Русия дар Шӯрои Амният дармондааст. Мария Ҳарф, сухангӯи вазорати умури хориҷии Амрико, рӯзи чаҳоршанбе дар Вашингтон гуфт, “Бо назардошти идомаи мухолифати Русия мо ҳеҷ роҳе ба сӯи пеш намебинем.” Бритониёву Фаронса, Чину Русия ва Амрико дар Шӯрои Амнияти тарҳи пешниҳодии Бритониёро баррасӣ мекарданд, ки дар он хоста шудааст, барои истифодаи эҳтимолии аслиҳаи кимиёвӣ алайҳи Сурия иқдоми низомӣ сурат бигирад. Қарор аст, ҳамин масъала рӯзи панҷшанбе дар порлумони Бритониё баррасӣ шавад ва расонаҳои ғарбӣ мегӯянд, ҳукумати Бритониё дар пешниҳодаш ба порлумон гуфтааст, бояд тамоми талошро ба харҷ дод, то Шӯрои Амният барои иқдом алайҳи Сурия иҷоза бидиҳад. Ҳамчунин Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия ва Ҳасан Рӯҳонӣ ҳамтои эронии ӯ дар як гуфтӯгуи телефонӣ ба ҳалли сиёсиву дипломатии бӯҳрон дар Сурия таъкид кардаанд. Гуфта мешавад, дар ҳамлаи рӯзи 21 август бо гази кушанда, садҳо нафар дар чанд маҳаллаи назди Димишқ кушта шуданд.
XS
SM
MD
LG