Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фармондеҳи артиши Покистон озими Душанбе шуд


Генерал Ашфақ Парвиз Каёнӣ, фармондеҳи артиши Покистон, имрӯз бо як сафари дурӯзаи расмӣ озими Тоҷикистон шуд. Дар ин бора Осим Баҷва, сухангӯи артиши Покистон дар саҳифаи Твиттери худ хабар дод. Ба навиштаи ӯ, ҳангоми сафар Ашфақ Каёнӣ бо раҳбарони сиёсиву низомии Тоҷикистон мулоқот хоҳад кард. Ба гуфтаи мақомоти Тоҷикистон қарор аст, фармондеҳи артиши Покистон бо Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳур ва Шералӣ Хайруллоев, вазири дифоъи Тоҷикистон масоили ҳамкориҳои низомӣ ва авзоъи амниятӣ ва роҳҳои расидан ба сулҳ дар Афғонистони ҳамсояро баррасӣ кунад. Тоҷикистон аз он нигарон аст, ки баъди тарки нерӯҳои хориҷӣ то охири соли 2014 авзоъ дар Афғонистон ҳамсоя бад мешавад.
XS
SM
MD
LG