Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Порлумони Эрон хост, Амрикоро ба додгоҳ бикашанд


Порлумони Эрон қарореро қабул кард, ки дар он аз ҳукумат хоста шудааст, Амрикоро барои даст доштанаш дар табаддулоти давлатии соли 1953 дар Эрон ба додгоҳ бикашад. Дар ин қарор аз рӯзи сешанбе, омадааст, табаддулоте, ки Муҳаммад Мусаддиқ, нахуствазири аз роҳи демократӣ интихобшударо сарнагун кард, “аз назари сиёсӣ ва қонунӣ” таҳқиқ шавад. Ба гуфтаи расонаҳои эронӣ, кумитаи махсусе барои таҳқиқи ин қазия таъсис хоҳад шуд ва онро вазири умури хориҷии Эрон раҳбарӣ хоҳад кард. Аввали ҳамин моҳ Хадамоти Истихборотии Амрико санадҳои сирриеро нашр кард, ки дар он эътироф шудааст, тарҳи барандозии ҳукумати Мусаддиқ ва баргардонидани шоҳ Муҳаммадризо Паҳлавиро ҳамин ниҳоди ҷосусии Амрико кашида буд. Бар асоси ин санадҳо, амалиёти табадуллоти давлатӣ дар Эрон “TPAJAX” унвон доштааст. Ба гуфтаи вакилони эронӣ, эътирофи Хадамоти Истихборотии Амрико кофист, ки ин кишвар ба Эрон ҷуброн бипардозад.
XS
SM
MD
LG